Вазорати молияи Тоҷикистон шарҳ медиҳад: аз куҷо, барои чӣ ва чӣ миқдор маблағ ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст

Июль 7, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /НИАТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 июни соли 2020 баргузор гардид, як зумра созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо вазъи коронавирус дар мамлакат дахл доранд, баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Вазорати молияи Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ шарҳ додааст, ки аз куҷо, чӣ миқдор ва барои чӣ маблағ ҷудо шудааст

1. «Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки осиёии рушд оид ба Барномаи вокуниши фаъол ба COVID-19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет».

Маблағи умумии созишнома 50 миллион долларро ташкил дода, аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи махсуси грантии Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ карда мешавад. Маблағи мазкур барои татбиқи ташаббусҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маблағгузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи пандемияи COVID-19, инчунин пӯшонидани хароҷоти дигари давлатӣ ва идоракунии молиявӣ истифода мешавад. Татбиқи созишнома  давоми соли 2020 пешбинӣ шудааст.

2. Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳои молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (БИР) оид ба мубориза бо пандемияи COVID-19.

Тибқи қарори Шӯрои директорони БИР, маблағҳои сарфашудаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби БИР дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, ба татбиқи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва табобати пандемияи COVID-19 равона карда мешаванд.

Дар ин замина, аз ҳисоби сарфа кардани баъзе лоиҳаҳои сармоягузории дар Тоҷикистон татбиқшаванда 9,4 миллион барои мубориза бо COVID-19 ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо барои харидани таҷҳизоти баландсифати реаниматсионӣ, таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, маҳсулот барои  пешгирии вирус ва таҷҳизоти тоза кардани партовҳо истифода мешаванд. Мӯҳлати амалисозии лоиҳа аз рӯзи эътибор пайдо кардани созишнома 12 моҳро дар бар мегирад.

3. Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои лоиҳа оид ба дастгирии Стратегияи миллии рушди таълим.

Тибқи ин созишномаҳо 46 миллион доллар, аз ҷумла 30 миллион доллар барои қарзи имтиёзноки БИР, 10,0 миллион доллар гранти Созмони Ҳамкориҳои Глобалӣ дар соҳаи маориф ва 6 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда дар соҳаи маориф сохтмони 68 мактаб ва 5 бинои маъмурӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Кӯлоб, инчунин дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Данғара, Муъминобод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ  Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Дӯстӣ, Хуросон ва Вахш ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи Лоиҳа  солҳои 2020-2024-ро дар бар мегирад.

4. Лоиҳаи рушди барвақтии кӯдак бо мақсади таҳкими сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон

Лоиҳаи мазкур тавассути ду созишномаи маблағгузорӣ, аз ҷумла, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 70 миллион доллар дар шакли грант ва Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии Таҷдид ва Рушд / Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 3 миллион доллар дар шакли грант амалӣ мешавад.

Маблағи умумии лоиҳа 73 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 70,0 миллион доллар барои татбиқи чорабиниҳои лоиҳа ва 3 миллион доллар барои дастгирии буҷа ҷудо карда мешавад. Мӯҳлати амалисозии лоиҳа солҳои 2020-2026-ро дар бар мегирад.

Лоиҳа дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Қубодиён, Восеъ, Кушониён, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмон Ҷомӣ, Мастчоҳи  кӯҳӣ, Тоҷикобод, Файзобод, Рӯдакӣ, Ҳисор, Варзоб татбиқ карда мешавад.

Лоиҳа ҳадафҳои муҳими кишварро дар бораи рушди захираҳои инсонӣ, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла дастрасӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти томактабӣ, татбиқи чорабиниҳо оид ба солимгардонии кӯдакон ва паст кардани сатҳи фавти кӯдакони навзод ва кӯдаконро, амалисозии ҳадафҳои “Барномаи миллии Ҳадафҳои Рушди Устувор”, “Барномаи миллии иртибот барои 1000 рӯзаи аввали ҳаёти кӯдакон барои солҳои 2020-2025” ва дигар барномаҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад.

5. Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Созишномаи лоиҳа байни Фонди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи таҳкими суботи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.

Маблағи умумии лоиҳа 37 миллион доллари ИМА дар шакли грант аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон аз соли 2020 то 2024 амалӣ хоҳад шуд.

Лоиҳа аз 3 қисм иборат аст ва дар минтақаҳои Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ ва шаҳри Кӯлоби  вилояти Хатлон татбиқ карда мешавад.

Лоиҳа барқароркунии системаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияро дар сатҳи деҳа, барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии байниҳамдигарӣ, барқарорсозии мактабҳои маҳаллӣ ва марказҳои саломатӣ, тавсеа ва сохтмони боғчаҳо ва барқарорсозии роҳҳо тавассути пешниҳоди субсидияҳоро пешбинӣ мекунад.

Дар доираи дигар қисматҳо курсҳои таълимии ҷавононро оид ба масъалаҳои таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла малакаҳои байнишахсӣ, кори гурӯҳӣ, мубодилаи дониш, қабули қарор, эътимод, оромӣ, ҳалли мушкилот, дастгирии психологии иҷтимоӣ, омӯзиш дар асоси баробарии гендерӣ ва инчунин пешгирии зӯроварии ҷинсӣ дар назар дошта шудааст.

Июль 7, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: Боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаоваранд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳ беш аз 100 миллион сомониро ташкил дод
Корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор 44 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамоянд
Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон: ёздаҳ бинои таълимӣ барои таҳсил омода мебошанд
Нусратулло Давлатзода: «Таъмин нагардидани буҷети давлатӣ ба фаъолият накардани бархе субъектҳои хоҷагидор ва дигар омилҳо марбут аст»
Гулнора Ҳасанзода: «Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз зиёд шудааст»
Мақомоти гумрук: содирот афзоиш ва воридот коҳиш ёфтааст
Кишоварзони Конибодом дар заминҳои миёни қатори боғот картошка парвариш мекунанд
Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»: дар 26 деҳа иншооти инфрасохторӣ бунёд гардид
Дар Конибодом коргоҳи нави дӯзандагӣ таъсис ёфт
Шурӯъ аз моҳи сентябр дар Тоҷикистон маош, нафақа ва стипендия зиёд мегарданд
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои воридот 95,5 фоиз таъмин гардид