ВМКБ: ба 106 соҳибкор барои пешниҳоди маҳсулоти пастсифат ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардид

Июль 8, 2020 14:36

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи нозироти савдои Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шаш моҳи соли равон дар бозору мағозаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ 344 адад санҷиш гузаронида, барои риоя накардани қонунҳои амалкунандаи соҳа нисбат ба 254 нафар соҳибкор ҷазои маъмурӣ таъйин намуд.

Тавре мудири шуъбаи нозироти савдои Раёсати «Тоҷикстандарт» дар вилоят Зафар Мирзонаботов иттилоъ дод, аз 344 санҷиши гузаронидашуда 285 адад ба нуқтаҳои савдо, 30 адад ба муассисаҳои хӯроки умумӣ, 15 адад ба маҳсулоти нафтӣ рост меоянд. Ҳамчунин дар давоми шаш моҳ кормандонии шуъба 72 маротиба харидҳои санҷишӣ баргузор карда, 6 бор тарзи нигоҳдории маҳсулоти хӯрока дар анборхонаҳо мавриди санҷиш қарор доданд.

«Дар  давраи зикршуда нисбат ба 254 нафар соҳибкор ба маблағи 58 ҳазору 812 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Нисбат ба 106 соҳибкоре, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро вайрон намуда, ба онҳо маҳсулоти пастсифат пешниҳод карданд, аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  ба маблағи 36 ҳазору 192 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Аз ин миқдор ҷаримаи маъмурӣ  32 ҳазору 538 ҳазор сомонӣ пардохт шуда, 22 ҳазору 620 сомонӣ ҳанӯз пардохт нашудааст», — афзуд Зафар Мирзонаботов.

Ба гуфтаи масъулини шӯъбаи нозироти савдои Раёсати «Тоҷикстандарт» дар вилоят, давоми шаш моҳи соли равон аз бозор, дӯкону мағозаҳои ҳудуди вилоят 197 намунаи маҳсулоти гуногуни хурока  барои ташхис ба озмоишгоҳи раёсати мазкур пешниҳод гардида, баъди санҷиш маълум гардид, ки аз нисф бештари он, аниқтараш 142 намунаи он ба меъёрҳои стандартикунонӣ ҷавобгӯ нест.

Агентии  «Тоҷикстандарт» яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ буда, мақсаду мароми он роҳ надодани ҳамагуна маҳсулот, аз ҷумла озуқаворӣ, асбобу анҷоми таълимию табобатӣ, сохтмонӣ, сузишворӣ ба бозору мағозаву дӯконҳо мебошад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ,  Раёсати ин агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ пайваста дар бозору мағозаҳо ва муассисаҳои хуроки умумӣ санҷишҳо мегузаронад.

Июль 8, 2020 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд