Завқӣ Завқизода ва Сун Ян тариқи видеоконфронс сохтмону навсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетикаро матраҳ карданд

Июль 23, 2020 11:35

ДУШАНБЕ, 23.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  бо Мушовири Раёсати корҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Ян дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ як зумра масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҷалби мутахассисони чинӣ барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сохтмону навсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоӣ, бахусус Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин, воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба содагардонии тартиби интиқоли молҳо дар минтақаи наздисарҳадии Кулма тариқи ядаки нақлиёти боркаш ва ҷиҳати мусоидат намудан барои анҷом додани корҳои сохтмонии лоиҳаҳои «Кӯлоб- Ш. Шоҳин» ва «Шкев-Қалъаихумб» то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хоҳиш намуд.

Ҷониби чинӣ иттилоъ дод, ки моҳи августи имсол 250 нафар мутахассисони чинӣ, аз ҷумла 150 нафарро барои сохтмони «Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 100 нафарро барои роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Муъминобод, инчунин садҳо мутахассисонро ба дигар лоиҳаҳои соҳаҳои гуногун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Ҷониби Чин вобаста ба пешниҳодҳои манзуршуда омодагии худро барои ҳамкорӣ ва расонидани кумаки техникӣ изҳор кард.

 

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июль 23, 2020 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд