30 август дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 26.08.2020/АМИТ«Ховар»/. 30 август дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди каду, харбуза ва тарбуз доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
«Дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш мегузоранд. Инчунин аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Дар ин рӯз ярмарка — фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил мегардад, ки сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд маҳсулотҳои кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд»,-афзуд манбаъ.
Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ва талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тасмим гирифта шуд, ки имсол идҳои мазкур дар якҷоягӣ таҷлил карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунурҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 якшанбе охири моҳи август Иди каду ва ҳафтаи аввали шанбеи моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз таҷлил карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки таҷлили идҳои харбуза, тарбуз ва каду дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзиӣ барои беҳтарин хоҷагии харбуза, тарбуз ва кадупарвари мамлакат туҳфа ва ифтихорнома тақдим мегардад.
Хабарнигорони мо аз ҷараёни баргузории таҷлили ин ид гузориш омода менамоянд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






