30 август дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад

Август 26, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 26.08.2020/АМИТ«Ховар»/.  30 август  дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди каду, харбуза ва тарбуз доир  мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

«Дар  Маҷмааи савдои «Меҳргон» кишоварзон аз шаҳру  ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш мегузоранд. Инчунин аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Дар ин рӯз ярмарка — фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил мегардад, ки сокинону меҳмонони  пойтахт метавонанд маҳсулотҳои кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд»,-афзуд манбаъ.

Бояд тазаккур дод, ки  бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ва талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тасмим гирифта шуд, ки имсол идҳои мазкур дар якҷоягӣ  таҷлил карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунурҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 якшанбе охири моҳи август Иди каду ва ҳафтаи аввали шанбеи моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз   таҷлил карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили идҳои харбуза, тарбуз ва каду дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзиӣ барои беҳтарин хоҷагии харбуза, тарбуз ва кадупарвари мамлакат туҳфа ва ифтихорнома тақдим мегардад.

Хабарнигорони мо аз ҷараёни баргузории таҷлили ин ид гузориш омода менамоянд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 26, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд