Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд

Август 21, 2020 08:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иншооти муҳими дигар — Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2016 ҳангоми ба истифода додани Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ рамзи дигари давлатдорӣ — Нишони давлатиро ҳам бунёд намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бештар аз як моҳ идома ёфтанд. 16 нафар сохтмончии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” дар ин муддат тавонистанд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат ин рамзи давлатдории навини тоҷиконро бунёд намоянд.

Дар бунёди таҳкурсӣ ва пояи Нишон санги мармар ва гранит истифода шудааст, ки маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб мераванд. Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ сохта шудааст. Атрофи он бо гулу буттаҳои нодири ороишӣ зиннат дода шуда, роҳравҳои атрофи иншоот сафолакпӯш гардидаанд.

Дар маҷмӯъ Майдони Исмоили Сомонӣ 3200 метри мураббаъ масоҳат дошта, дар ду тарафи он фаввора сохта шудааст.

Гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзонаи миллат дар Майдони Исмоили Сомонӣ воқеан ҳам ин мавзеъро ба макони тамошобоб табдил додааст.

Солҳои охир дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат рамзҳои давлатдории муосири тоҷикон, аз ҷумла Нишон ва Парчами давлатӣ қомат афрохтанд.

Ин ташаббус эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии мардум, аз ҷумла наслҳои наврасро дучанд намуда, дар замири онҳо ҳисси ифтихор аз миллату давлат ва гузаштаи бойю рангини халқи тамаддунофари тоҷикро қавитар месозад.

Ифтитоҳи Майдони Нишони давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 21.08.2020

Август 21, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд