ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор соҳибкори маҳаллӣ пули мошингузар бунёд намуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бавхшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ғурриёти Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Пули мазкурро соҳибкори маҳаллӣ М.Норбеков аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ барои ҳамдиёронаш бунёд кардааст.
Пули нав дар болои дарёчае, ки ду ҷониби деҳаи Ғурриётро солҳо инҷониб аз ҳам ҷудо мекард ва сокинон барои ба маҳаллаи навбунёд рафтан бештар аз 3 километр роҳро пиёда тай менамуданд, сохта шудааст. Он бо дарозии 15 метр, паҳноии 4 ва баландии 8 метр сохта шуда, иқтидори борбардориаш зиёда аз 30 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар маросими ба истифода додани пули мошингузар Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба соҳибкор барои ин иқдоми наҷибу бунёдкоронааш арзи сипос намуда, онро туҳфаи арзандае ба ифтихори ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






