ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор соҳибкори маҳаллӣ пули мошингузар бунёд намуд

Август 21, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 21.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бавхшида  ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ғурриёти Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор  пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Пули мазкурро соҳибкори маҳаллӣ М.Норбеков аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ барои ҳамдиёронаш бунёд кардааст.

Пули нав дар болои дарёчае, ки ду ҷониби деҳаи Ғурриётро солҳо инҷониб аз ҳам ҷудо мекард ва сокинон барои ба маҳаллаи навбунёд рафтан бештар аз 3 километр роҳро пиёда тай менамуданд, сохта шудааст. Он бо дарозии 15 метр, паҳноии 4 ва баландии 8 метр сохта шуда, иқтидори борбардориаш зиёда аз 30 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар маросими ба истифода додани пули мошингузар  Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода  ба соҳибкор барои ин иқдоми наҷибу бунёдкоронааш арзи сипос намуда, онро туҳфаи арзандае ба ифтихори ҷашни миллӣ- 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.

Август 21, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст