ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. ҶДММ «Панҷрӯд- 5» 6 корхонаи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ бунёд мекунад

Август 28, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Панҷрӯд-5»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 6 корхонаи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ, 8 корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ ва сафолакҳои ороишӣ   ба истифода диҳад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ иттилоъ медиҳад.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Панҷ ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёди 210 иншоот ба маблағи зиёда аз 96,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда,  130 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Бештари иншооти ҷашнӣ  аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди  истифода қарор гирифтаанд.  Аз ҷумла, то имрӯз аз ҷониби онҳо коллеҷи тиббӣ ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳраки Панҷ, бунгоҳи тиббӣ ва корхонаи истеҳсоли макарон дар деҳоти Сайфиддин Кабут, синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва амсоли инҳо сохта шудаанд.

Ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар ҳудуди ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳия аз ҳисоби аҳолӣ ва соҳибкорон сангфаршкунию таъмири роҳҳо,  таъмиру сохтмони  пулҳои мошингузар ва ҷароғонкунии кӯчаҳои маҳал, дар  маҷмӯъ ба маблағи  1 миллиону 451,9 ҳазор сомонӣ   ба анҷом расонида шудааст.

Масъулини ноҳия баҳри иҷрои ҳадафи чоруми мамлакат- саноатикунонии босуръат тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи имсол дар ноҳияи Панҷ ба соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ  дар ҳаҷми 9 млн 100,1 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида, ҳамаи он аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ мебошад. Дар ин давра  9578 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ  мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3166 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Август 28, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд