ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: ҶДММ «Суғд-пак» боз як сехи нави истеҳсоли халтаҳои полипропеленӣ бунёд месозад

Август 26, 2020 16:13

ДУШАНБЕ, 26.08.2020/АМИТ «Ховар»/.  Баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Суғд аз ҷониби ҶДММ «Суғд-пак» боз як сехи нави истеҳсоли халтаҳои полипропеленӣ сохта ба истифода дода мешавад.  Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод аз мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии вилоти Суғд иттилоъ медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмони корхонаи мазкур дидан намуд.

Ба гуфти масъулин,  дар сехи нав истеҳсоли халтаҳои полипропеленӣ барои орд, оҳак ва  семент ба роҳ монда мешавад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ айни замон 25 нафар ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки корхона ҶДММ «Суғд — пак» ба истеҳсоли халтаҳои полипропеленӣ машғул буда, иқтидори истеҳсолии он  дар як сол  60 миллион дона халтаи полипропелениро ташкил медиҳад. Дар корхона зиёда аз 200 таҷҳизот, аз ҷумла дастгоҳҳои  бофандагӣ, эктрузор, ресандагӣ, чопкунӣ, ламинатсия ва ғайра васлу насб гардида, дар он  310 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.  Дар назар аст, ки бо ба кор даромадани  сехи нав боз даҳҳо нафар бо кор таъмин мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи маълумоти оморӣ корхона дар шаш моҳи соли равон  ба маблағи 21 миллиону 496 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,5 фоизро ташкил мекунад. Яъне дар ҶДММ «Суғд — пак» дар шаш моҳи соли равон 19 миллиону 418 ҳазор дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди 300 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Август 26, 2020 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид