Қаиқронони тоҷик омодагиро ба Олимпиадаи Токио дубора шурӯъ мекунанд

Август 30, 2020 08:36

ДУШАНБЕ, 30.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қаиқронони тоҷик, новобаста аз пандемия умед доранд, ки ба Олимпиадаи Токио роҳ меёбанд, хабар медиҳад «Sputnik».

Варзишгар Шаҳриёр Даминов аз ҳама бештар машқ мекунад: ӯ мутмаин аст, ки  танҳо бо меҳнати пайваста метавон ба натиҷа ноил шуд.

«Пеш аз пандемия мо ба Чемпионати Осиё, ки дар он роҳхатҳо барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ бояд дода мешуданд, омодагӣ мегирифтем, аммо як ҳафта пеш аз сафар пандемия шурӯъ шуд ва ҳама чӣ бекор гардид. Мо бисёр нороҳат шудем, аммо ба ҳар ҳол тамрин лағв нашуд», — гуфт Даминов.

Ҳоло варзишгарон тамринҳои сабук мекунанд, то обутоби баданро гум накунанд.

«Аз моҳи сентябр ё октябр мо дубора дар шаҳри Норак ба тамрин шурӯъ мекунем. Мо ба даврҳои интихобӣ барои даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ омодагии ҷиддӣ мебинем», — гуфт Даминов.

Ба ҷуз писарон, духтарон низ бо умеди гирифтани роҳхатҳои олимпӣ тамрин мекунанд. Қаиқронон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар ояндаи наздик баргузор мешаванд, омодагӣ мебинанд.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта варзишгарони тоҷик Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар масофаҳои марафонӣ, ки дар шаҳри Шаосинги Чин баргузор шуд, ширкат варзиданд. Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) дар масофаи 25,90 километр медали биринҷӣ ва дар каноэи якнафарӣ (С1) дар масофаи 3,6 ҳазор метр медали  нуқра ба даст овард.

 ДАР АКС: Шаҳриёр Даминов. АКС аз «Sputnik

 

Август 30, 2020 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад