Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор бо Бонки миллии Тоҷикистон музокироти фосилавӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Музокироти навбатии намояндагии вертуалии ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) бо Бонки миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар доираи музокирот мулоқоти фосилавиро муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагии ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд.
Ҷамолиддин Нуралиев қабл аз ҳама ба ҳайати ХБА барои дастгирӣ ва кумаки саривақтии молиявӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19 ва пешгирии таъсири манфии он ба иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагиро барои ҳамкории судманд ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иброз намуд.
Зимни мулоқот бо ҳайати ХБА, ки ба таври фосилавӣ сурат гирифт, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати ХБА-ро бо шарҳи мухтасари вазъи имрӯзаи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсири пандемияи COVID-19 ба бахши молиявӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёт, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва низоми пардохт, механизми идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, вазъи тавозуни савдо бо кишварҳои асосии шарикони тиҷорат ва таъсири он ба қурби самараноки воқеии пули миллӣ, бахши истихроҷи тилло, интиқоли маблағҳо, фишорҳои бозорӣ, нақшаи таҷдиди сармоя ва пардохтпазирӣ ва ислоҳоти пешниҳодшаванда дар доираи Барномаи механизми васеи қарздиҳӣ, ки дар назар аст, шинос намуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакатро таҳия намуд ва дар доираи он як зумра тадбирҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти мамлакат Кумитаи монетарии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои май-июли соли 2020 меъёри бозтамвилро ду маротиба таҷдиди назар карда, аз 3 августи соли 2020 онро дар сатҳи 10,75 фоизи солона муқаррар намуд.
-Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилоти қарзии молиявӣ, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур имкониятҳои молиявии ташкилоти қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намуд, — таъкид намуд Ҷ.Нуралиев.
Зимни музокира аз ҷониби иштирокдорон оид ба таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, баста шудани сарҳадҳо, иқтидори содиротии мамлакат ва вобастагӣ аз воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сатҳи осебпазирии иқтисодиёти миллӣ аз пандемияи COVID-19 мубодилаи назар карда шуд.
Роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ба сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 ба низоми бонкӣ ва ислоҳоти татбиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт баҳои мусбат дода, ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ якчанд тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев барои ҳамкорӣ дар сатҳи нав, татбиқи барномаи нави ХБА-ро дар доираи Механизми васеи қарздиҳӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. «Мо барои татбиқи ислоҳоти нав ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи низоми бонкӣ, бахши суғурта ва бахши сиёсати монетарӣ омодагии ҳамаҷонибаи худро арз медорем»,-гуфт дар интиҳо муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.
Музокироти ҳайати намояндагии ХБА бо БМТ то 3 сентябри соли равон идома хоҳад ёфт.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






