Ҷамъияти «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ қабули пахтаро дар мавсими соли 2020 оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон қабули пахтаи истеҳсолнамудаи кишоварзонро дар мавсими соли 2020 оғоз намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти ноҳияи Панҷ хабар медиҳад.
Имсол кишоварзони ноҳияи Панҷ дар 6674 гектар пунбадона кишт намуданд, ки имрӯзҳо нашъунамои он дар ҳолати хуби агротехникӣ қарор дорад. Дар ноҳияи мазкур
шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 5446 ададро ташкил дода, аз ин шумора 4700 ададаш хоҷагиҳои пахтакор мебошанд.
Кишоварзони ноҳия имсол ният доранд дурнамои кишти пахта ва ҷамъоварии ҳосили онро ба 14 ҳазору 950 тонна расонанд, ки ба ҳар гектар 22,4 сентнерӣ рост меояд.
Дар ноҳия бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъат бахшидани корҳои соҳаи кишоварзӣ, бахусус кишти пунбадона ва ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта ситоди доимӣ ташкил гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Панҷ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини бозори ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, бахусус сабзавоти барвақтӣ заминаи босазо мегузорад.
Имсол кишоварзони ноҳия дар вилояти Хатлон аввалин шуда, ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз намуданд. Онҳо бозори дохилиро бо ин сабзавот пурра таъмин намуда, қисме аз онро ба хориҷи мамлакат содирот карданд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






