Аз меъёри муқарраршудаи мошини боркаш зиёдтар бор накунед!

Август 12, 2020 08:48

ҲИСОР, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони Хадамоти давлатии  назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Ҳисор ронандаи мошини баркаши  рақами давлатияш 9748АВ07  Ҷураев Ҳамроро, ки сокини шаҳри Ҳисор мебошад, бинобар риоя накардани талаботи моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 2900 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима намуданд. Дар ин бора  сардори шуъбаи Ҳисор-Шаҳринави Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии  назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Абдусалом Одинаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Номбурда қоидаҳои аз роҳҳои мошингард гузаштани воситаҳои нақлиётро бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда  зиёданд ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «Дар бораи  ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн  ва сарборӣ ба тири  меҳвари воситаи нақлиёт  ҳангоми ҳаракати онҳо  дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» риоя накарда, дар нақлиёти худ 31 тонна бор гирифтааст, ки ин аз меъёри муқарраршуда барои мошини Камаз  зиёд буда, сабаби ҷавобгарии маъмурӣ шудааст.

Дар асоси  қонунгузории соҳаи  нақлиёт, барои нигоҳдории  роҳҳои мошингарди мамлакат аз вайроншавӣ ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷму вазнин дар мошинҳои боркашонӣ  дар фасли гармо барои ҳар як меҳвар  аз 6 то 8 тонна иҷозат дода шудааст.  Вале қисми зиёди ронандагони мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд маҳсулот бор менамоянд, ки ин сабаби вайрон гардидани  роҳҳои ҷумҳурӣ мешавад. Он ҳамчунин сабаби садамаҳои нақлиётӣ ва фавти худу дигарон мегардад.

Мутахассисони раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт нисбат ба 2231 нафар ва дар минтақаи Ҳисор нисбат ба 3058  нафар ронандагоне, ки бе иҷозатнома фаъолият намуда, қоидаҳои мусофиркашонию боркашониро риоя накардаанд ва қонунгузории соҳаи  нақлиётро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ҷарима намудаанд.

Ба андешаи  мутахассисон дар ин минтақаҳо  мушкилоти асосӣ дар роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

Август 12, 2020 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст