Ба нуқтаи тиббии Раёсати КҲФ дар Суғд 10 адад дастгоҳи оксигенератор супурда шуд

Август 28, 2020 08:29

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бо сарварии профессор Александр Семёнов ва мутахассис оид ба бемориҳои сироятии СУТ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд  ҳолати омодабоши нуқтаи тиббии Раёсат барои қабули ҳайати шахсӣ бо бемориҳои сироятӣ, таъминоти таҷҳизот ва лавозимоти тиббиро санҷида, ба ин марказ 10 адад дастгоҳи оксигенератор супурд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Онҳоро дар ин сафар муовини сардори Раёсати тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати тиббӣ Ҳ. Тоҳиров раҳнамоӣ намуд.

Ҳамзамон дар толори Раёсат бо роҳбарии муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Анвар Қосимов бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мулоқот баргузор шуд.

Зимни он оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни ҳайати шахсӣ, чорабиниҳое, ки баҳри пешгирии интиқол ва паҳн нагардидани сирояти бемории коронавируси COVID-19 аз ҷониби роҳбарияти Раёсат ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби шахсони масъули Раёсат ташкил ва гузаронида мешаванд, сухан рафт.

Профессор Александр Семёнов миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати вилоят ҷиҳати корҳои ба сомон расонидашуда дар самти мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус  баён намуд.

Август 28, 2020 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд