Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Суғд ба тариқи интернет-пурсиш ба роҳ монда мешавад

Август 21, 2020 08:22

ДУШАНБЕ, 21.08.2020. /АМИТ Ховар/.  Кормандони соҳаи омори мамлакат дар ин рӯзҳо барои гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 1 то 15 октябр баргузор мегардад, омодагӣ дида истодаанд. Дар ин робита кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки баҳри дар сатҳи баланд ва босифат гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 бори аввал дар миқёси ҷумҳурӣ корбариро бо истифода аз планшет ва тариқи интернет-пурсиш ба роҳ монанд.

Яъне, ҳар сокини вилоят бо гирифтани код ва рақами рамзии худ, ки тариқи смс-паёмак ба телефонҳои шаҳрвандон аз ҷониби Агентӣ равон карда мешавад, метавонад мустақилона  ба сомонаи Сарраёсат даромада, баъдан код ва рамзи шахсиро дохил намуда, ба саҳифаи шахсии худ ворид гардад ва пас аз шиносоӣ бо саволномаҳои пешниҳодшуда метавонад мустақилона онро пур намояд. Ин тарзи корбарӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми ворид намудани маълумот аз ҷониби шаҳрвандон бо чунин усул дар давраи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ин хонаводаҳо дигар пурсиш гузаронида намешавад. Яъне, ин тарзи корбарӣ бартариҳои зиёд дорад.

Вобаста ба ин то имрӯз дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки шабакаи  интернетӣ дастрас мебошад, 112 нуқтаҳои терминал муайян карда шудааст. Ин усул барои пур намудани варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мусоидат мекунад.

Дар робита ба ҷараёни корҳо доир ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек НАКҲАТЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар Абдуаҳад ШАРИФЗОДА гуфт, ки «дар  семинари омӯзишӣ ба кормандони мақомоти омори вилоят гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо усули таҷрибавӣ, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифодаи интернет-пурсиш амалӣ гардида истодааст, амалан нишон дода шуд.

Барои беҳтар намудани сатҳу сифати корбарӣ аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз 26 адад компютерҳои замонавӣ, аз ҷумла, ноутбукҳо, 7 адад принтер, 2 адад факс ва инчунин мебелҳои замонавӣ- 50 адад мизи корӣ, 50 адад ҷевон, 100 адад курсӣ, 20 адад кресло ва маҷмӯи дигари мебел дастрас карда шуданд».

Зикр гардид, ки барӯйхатгирии аҳолӣ — яке аз сарчашмаҳои муҳими маълумот дар бораи аҳолӣ ба шумор рафта, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ тавассути пурсиши саросарии истиқоматкунандагони мамлакат ба даст меояд. Аҳамият ва зарурати барномаи умумиҷаҳонии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 ҳамчун манбаи маълумот барои банақшагирии самараноки инкишофи иҷтимоию иқтисодии мамлакат тибқи қарори Шӯрои иқтисодӣ – иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид аз моҳи июни соли 2015, аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ карда шудааст. Мувофиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», барӯйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон гузаронида мешавад.

Дар ҷумҳурии мо соли 2000 бори аввал Барӯйхатгирии аҳолӣ ва соли 2010 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд. Имрӯзҳо барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 1 то 15 октябр баргузор мегардад, кормандони соҳаи омори мамлакат омодагӣ дида истодаанд.

Дар ин замина, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ» ба тавсиб расида, баҳри иҷрои ин қарорҳо ва босифат гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсат, раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳоро бо 32 воҳиди корӣ таъмин намуд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, комиссияи вилоятии мусоидатӣ се маротиба ҷаласа гузаронида, дар он масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вилоят баррасӣ шуданд. Дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда,  номгӯи 3,1 ҳазор кӯчаву тангкӯча, 195,4 ҳазор рақами хонаҳо дар мазилҳои маҳалҳои шаҳрию деҳотӣ ва сарҳадҳои он дар муҳлатҳои муайянгардида ба тартиб дароварда шуд.

Ба андешаи Ҳ.Наҳкатзода, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар қаламрави вилояти Суғд  2 млн. 698,9 ҳазор нафар ба тафтиш фаро гирифта шуда, аз он рӯйхати  2 млн. 693,8 ҳазор нафар аҳолии шаҳру деҳот ба тартиб дароварда шуд.

Зикр гардид, ки муваффақияти корҳои тайёрӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз таъмини саривақтии маводи картографии босифат вобастагӣ дошта, то имрӯз аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо нақшаи схематикии маҳалҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон ва харитаҳои ноҳиявӣ бо Раёсати Бозрасии назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳамзамон дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараёни баргузории корҳои омодагӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ дар барномаҳои радио ва телевизонҳои маҳаллӣ намоиш дода шуда, дар рӯзномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ гузоришу мақолаҳо нашр гардид. Илова бар ин тақсимоти варақаҳои итттилоотӣ низ дар ҷойҳои сераҳолии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва саволномаҳои вобаста ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.

Ҳамзамон баҳри ба анҷом расонидани корҳои тайёрӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вилоят аз буҷети маҳаллӣ барои соли 2019   1 млн. 770 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз он 1 млн. 41 ҳазор сомонӣ барои тайёр кардани маводи картографӣ, 519,5 ҳазор сомонӣ барои лавҳаю рақамгузорӣ ва 24,2 ҳазор сомонӣ барои дигар хароҷоти ҷорӣ истифода бурда шудааст. Дар соли 2020  1 млн. 322 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз он 199,1 ҳазор сомонӣ барои корҳои тарғиботию ташвиқотӣ истифода бурда шудааст.

“Дар ин замина, давраи аввали гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020 оид ба тартиб додани рӯйхати биноҳои (хонаҳо) истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо дар биноҳои бисёрҳуҷра дар вилоят аз 1 то 25 апрели соли 2020 аз ҷониби 818 нафар кормандони муваққатан ҷалбшуда, яъне бақайдгирандагон бо истифода аз технологияҳои муосир (планшети ба интернет пайваст) бомувафақият ба анҷом расонида шуд. Айни замон маълумоти ба барномаи махсус воридшуда дар ҳолати коркард қарор дорад”, — афзуд сардори Агентӣ.

Август 21, 2020 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад