Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон давоми солҳои 2021-2023 323 миллион доллар грант медиҳад

Август 27, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба нақша  гирифтааст, ки давоми солҳои 2021 — 2023 ба Тоҷикистон 323 миллион доллар ба шакли грант пешниҳод намояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии намояндагии доимии БОР дар Душанбе.

«БОР ба Тоҷикистон дар се соли оянда 323 миллион доллар хоҳад дод, то ки барои қонеъ кардани ниёзҳои рушди кишвар мутобиқи нақшаи тиҷоратии таҷдидшудаи амалиётҳои бонк дар мамлакат  кумак расонад»,  — гуфт сухангӯи матбуотӣ Татяна Евстифеева.

Ба гуфти ӯ, илова бар ин, дар давраи мазкур ҷудо намудани  5,25 миллион доллар дар шакли кумаки техникӣ барои гирифтани дониш ва омодасозии лоиҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

«Ин нақша ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистонро барои давраи то 2030 дастгирӣ ва бо Стратегияи БОР то соли 2030 мувофиқат мекунад. Нақша инчунин гузариш ба шарикии стратегиии БОР бо ин кишварро барои солҳои 2021-2025 ба инобат гирифтааст, ки дар ҳоли коркард аст ва ба раванди номуайяни пандемияи COVID-19 мутобиқ карда хоҳад шуд», — гуфт Татяна Евстифеева.

Дар нақша барои солҳои 2021-2023 лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои об, инчунин оид ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва бахши энергетика  шомил мебошанд. БОР инчунин ба нақша гирифтааст, ки лоиҳаҳоро дар бахшҳои рушди соҳаи тандурустӣ,  сайёҳӣ, такомули бахши молиявӣ, баланд бардоштани устуворӣ дар муқобили офатҳои табиӣ ва беҳтар намудани бахши роҳҳо дастгирӣ намояд.

Илова бар ин, дар нақша лоиҳаҳое ғунҷонида шудаанд, ки идоракунии электронӣ ва беҳтар намудани таҳсилро дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технология, муҳандисӣ ва риёзӣ дастгирӣ мекунанд.

Маблағи ниҳоии кумаки банақшагирифтаи БОР аз омилҳои гуногун, аз ҷумла мавҷудияти захираҳо, омодагии лоиҳаҳо ва натиҷаи арзёбии дастовардҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ  вобаста хоҳад буд.

Интизор меравад, ки дар соли 2020 кумаки маҷмӯии БОР ба Тоҷикистон 320 миллион доллар дар шакли грант, ба шумули лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика хоҳад буд. Дар ин маблағ инчунин як бастаи вокуниши таъҷилӣ ба COVID-19  дар ҳаҷми  52,5 миллион доллар низ шомил мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1998 ба узвияти   Бонки Осиёии Рушд  шомил гардидаааст. Аз он замон то ҳол  аз бонки мазкур   дар ҳаҷми зиёда аз 1,9 миллиард доллар кумак гирифтааст, ки 1,4 миллиард доллари онро грантҳо ташкил медиҳанд.

ДАР АКС: 26 октябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти  БОР Такехико Накаоро пазируфт.  

Август 27, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд