Дар Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аксияи «Тозагии маҳал» доир шуд

Август 27, 2020 09:27

ВАҲДАТ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳудуди  Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат  аксияи «Тозагии маҳал» баргузор  гардид. Дар он кормандони Ҷамоати деҳоти Ромит,  Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Ромит»- и шаҳри Ваҳдат   ва сокинони  ҷамоат  иштирок намуданд.

Масъулини Ҷамоати деҳоти Ромит изҳор доштанд, ки “ин иқдом барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода роҳандозӣ карда шудааст.  Ҳамчунин  аз сабаби он ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дараи Ромит «минтақаи сайёҳию истироҳатии Тоҷикистон» эълон гардидааст, мо, сокинону масъулин вазифадорем ҳолати экологии соҳили дарёву рӯдхонаҳоро  беҳтар намуда, атрофи шоҳроҳ ва минтақаҳои истироҳатиро аз партовҳои маишӣ тоза нигоҳ дошта,  манбаъҳои обро дар дарёи Кофарниҳон аз ифлосӣ тоза нигоҳ дорем”.

Масъулини ҷамоат аз истироҳаткунандагон эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки зимни дамгирӣ партовҳои худро дар ҷойҳои махсуси  муайяншуда гузоранд, то муҳити атроф тозаю озода бошад.

Август 27, 2020 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад