Дар Бонки миллӣ фаъолияти иштирокчиёни бозори суғурта натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозори суғурта як қисми ҷудонашавандаи бозори молиявӣ маҳсуб шуда, дар радифи дигар сегментҳо дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозад. Ин нуктаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар шашмоҳаи якуми соли 2020 баён дошт.
Аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ, роҳбарони ташкилоти суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки вазифаи БМТ, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани танзиму назорати соҳа ба ҳисоб рафта, дар ин радиф аз ҷониби мақоми назоратӣ барои ноил гаштан ба ҳадафҳои натиҷабахш ислоҳоти назаррас гузаронида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи молия, андоз гумрук ва бонкдории мамлакат 10 майи соли 2019 бори дигар масъалаи рушди низоми суғуртаро зикр намуда, Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдор вазифадор намуда буданд, ки доир ба таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми суғурта, назорати фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, фаъол гардонидани бозори намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои сифатан нав корҳои амалӣ ба роҳ монанд.
Муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода рӯнамоиро оид ба вазъи воқеии бозори суғурта манзури ҳозирин гардонида, дар хусуси нишондиҳандаҳои дастрасӣ, истифода ва сифатнокии хизматрасониҳо, маҳсулоти ширкатҳои суғуртавӣ ва мутобиқати онҳо аз рӯи индикаторҳои байналмилалии бозори суғурта, сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшаванда таҳлили ҳамаҷониба пешниҳод намуд. Зимни таҳлилҳо оид ба диверсификатсияи бозори суғурта, нобаробарии мавқеи ҷойгиршавии сохторҳои ташкилоти суғуртавӣ дар минтақаҳо, таносуби воридоти мукофот ва пардохти ҷуброн, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла доштани аудити дохилӣ, риояи принсипҳои идоракунии корпоративӣ, пешниҳоди маҳсулоти муосири босифат, тақвият додани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба бозори суғурта, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва дараҷаи тахассусияти хизматчиёни бозори суғурта, саҳм гузоштан дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар таркиби ММД-и ҷумҳурӣ таҳлилҳо пешниҳод гардиданд.
М. Накҳатзода оид ба хуруҷи бемории сироятии COVID-19 ва таъсири он ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат аз ҷониби БМТ ва ба ин васила вусъат бахшидани суғуртаҳои тиббии вобаста ба ҳолатҳои нохуш ва беморӣ, аз ҷумла бемории COVID-19 сухан гуфт.
Зикр шуд, ки БМТ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа, пурзӯр намудани воситаҳои танзиму назорат, ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши меъёрҳои мақбул фаъолияти худро дар самти таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, давом додани сиёсати гузариш аз миқдор ба сифат, баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии корпоративӣ, таҳкими раванди иҷозатномадиҳӣ ва баланд бардоштани эътимоднокию боварии аҳолӣ ба соҳаи суғурта давом хоҳад дод. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)», дастовардҳои назарраси ислоҳоти БМТ дар бозори суғурта аст.
Сардори Идораи назорати суғуртавӣ Дилбар Ҳусейнова оид ба нишондиҳандаҳои бозори суғурта дар шашмоҳаи якуми соли 2020, чораҳои таъсиррасон, нақшаҳои минбаъдаи БМТ дар ин самт, камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал дод.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






