Дар Бонки миллӣ фаъолияти иштирокчиёни бозори суғурта натиҷагирӣ гардид

Август 17, 2020 09:06

ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозори суғурта як қисми ҷудонашавандаи бозори молиявӣ маҳсуб шуда, дар радифи дигар сегментҳо дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозад. Ин нуктаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода  зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар шашмоҳаи якуми соли 2020 баён дошт.

Аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ, роҳбарони ташкилоти суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии Тоҷикистон ширкат  доштанд.

Зикр шуд, ки вазифаи БМТ, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани танзиму назорати соҳа ба ҳисоб рафта, дар ин радиф аз ҷониби мақоми назоратӣ барои ноил гаштан ба ҳадафҳои натиҷабахш ислоҳоти назаррас гузаронида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи молия, андоз гумрук ва бонкдории мамлакат 10 майи соли 2019 бори дигар масъалаи рушди низоми суғуртаро зикр намуда, Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдор вазифадор намуда буданд, ки доир ба таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми суғурта, назорати фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, фаъол гардонидани бозори намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои сифатан нав корҳои амалӣ ба роҳ монанд.

Муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода рӯнамоиро оид ба вазъи воқеии бозори суғурта манзури ҳозирин гардонида, дар хусуси нишондиҳандаҳои дастрасӣ, истифода ва сифатнокии хизматрасониҳо, маҳсулоти ширкатҳои суғуртавӣ ва мутобиқати онҳо аз рӯи индикаторҳои байналмилалии бозори суғурта, сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшаванда таҳлили ҳамаҷониба пешниҳод намуд. Зимни таҳлилҳо оид ба диверсификатсияи бозори суғурта, нобаробарии мавқеи ҷойгиршавии сохторҳои ташкилоти суғуртавӣ дар минтақаҳо, таносуби воридоти мукофот ва пардохти ҷуброн, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла доштани аудити дохилӣ, риояи принсипҳои идоракунии корпоративӣ, пешниҳоди маҳсулоти муосири босифат, тақвият додани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба бозори суғурта, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва дараҷаи тахассусияти хизматчиёни бозори суғурта, саҳм гузоштан дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар таркиби ММД-и ҷумҳурӣ  таҳлилҳо пешниҳод гардиданд.

М. Накҳатзода оид ба хуруҷи бемории сироятии COVID-19 ва таъсири он ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат аз ҷониби БМТ ва ба ин васила вусъат бахшидани суғуртаҳои тиббии вобаста ба ҳолатҳои нохуш ва беморӣ, аз ҷумла бемории COVID-19 сухан гуфт.

Зикр шуд, ки БМТ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа, пурзӯр намудани воситаҳои танзиму назорат, ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши меъёрҳои мақбул фаъолияти худро дар самти таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, давом додани сиёсати гузариш аз миқдор ба сифат, баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии корпоративӣ, таҳкими раванди иҷозатномадиҳӣ ва баланд бардоштани эътимоднокию боварии аҳолӣ ба соҳаи суғурта давом хоҳад дод. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)», дастовардҳои назарраси ислоҳоти БМТ дар бозори суғурта аст.

Сардори Идораи назорати суғуртавӣ Дилбар Ҳусейнова оид ба нишондиҳандаҳои бозори суғурта дар шашмоҳаи якуми соли 2020, чораҳои таъсиррасон, нақшаҳои минбаъдаи БМТ дар ин самт, камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал дод.

Август 17, 2020 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1242 то 0.1210 сомонӣ муқаррар шудааст
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3228 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид