Дар Кӯлоб мусобиқаҳо оид ба шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб дар толору майдончаҳои варзишии Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб байни гурӯҳҳои таълимии мактабҳои варзишӣ мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз баргузор гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишгарони наврас ташкилу роҳандозӣ карда шуд, ки шумораи зиёди наврасон дар ин тадбири варзишӣ ба ҳам омаданд. Чунин тадбирҳои варзишӣ байни кӯдакону наврасон дар давраи таътили тобистона ҳамасола аз ҷониби масъулини соҳа дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марям» гузаронида мешаванд ва дар онҳо шумораи зиёди хоҳишмандон ширкат меаварзанд.
Дар мусобиқаи шоҳмот, ки байни духтарон, писарон ва даставӣ роҳандозӣ гардид, дастпарварони Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ҷои якум, дастпарварони Мактаби варзишии рақами 3 ҷои дуюм ва тарбиятгирандагони Хона-интернати шаҳри Кӯлоб мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон дар ҳайати даставӣ ва инфиродӣ аз ҷониби масъулони баргузории мусобиқа бо нишону ифтихорнома ва туҳфаҳои дастандаркорон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин ғолибони мусобиқаи тенниси рӯи миз аз ҷониби масъулин бо нишону ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






