Дар Кӯлоб мусобиқаҳо оид ба шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз баргузор шуданд

Август 6, 2020 10:14

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб дар толору майдончаҳои варзишии Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб байни гурӯҳҳои таълимии мактабҳои варзишӣ мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз баргузор гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон  ба  мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишгарони наврас ташкилу роҳандозӣ карда шуд, ки шумораи зиёди наврасон дар ин тадбири варзишӣ ба ҳам омаданд. Чунин тадбирҳои варзишӣ байни кӯдакону наврасон дар давраи таътили тобистона ҳамасола аз ҷониби масъулини соҳа дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марям» гузаронида мешаванд ва дар онҳо шумораи зиёди хоҳишмандон ширкат меаварзанд.

Дар мусобиқаи шоҳмот, ки  байни духтарон, писарон ва даставӣ роҳандозӣ гардид, дастпарварони Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ҷои якум, дастпарварони Мактаби варзишии рақами 3 ҷои дуюм ва тарбиятгирандагони Хона-интернати шаҳри Кӯлоб мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон дар ҳайати даставӣ ва инфиродӣ аз ҷониби масъулони баргузории мусобиқа бо нишону ифтихорнома ва туҳфаҳои дастандаркорон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ғолибони мусобиқаи тенниси рӯи миз аз ҷониби масъулин бо нишону ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Август 6, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод