Дар ноҳияи Лахш 3,5 км роҳи маҳаллӣ ва 2 км роҳи ҷумҳуриявӣ мумфарш мегарданд

Август 1, 2020 09:58

ЛАХШ, 1.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сокинону  соҳибкорони ноҳия ва ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия бунёди 209 адад иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ба имрўз 120 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин самт идома доранд.

Дар баробари ин, корҳои сохтмонӣ дар биноҳои  муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ, таъмир ва чароғон намудани кўчаву роҳравҳои маркази ноҳия  ва ҷамоатҳои деҳот ҷараён дошта, корҳои мумфаршкунӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ идома доранд.

Айни замон бо  ташаббуси сокинони деҳаи Оқсой ва бо кумаки бевоситаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои минтақаи Лахш роҳи маҳаллии мошингарди деҳаи Оқсой-Ҷаилғани Ҷамоати деҳоти Лахш, ки 3,5 км.-ро дар бар мегирад,  мумфарш гардида истодааст.

Ҳамчунин корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи ҷумҳуриявии ҷамоати шаҳраку деҳоти  Ваҳдат-Янгишаҳр идома дорад.

Аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳи мазкур дар масофаи 2 км. мумфарш карда мешавад.

Август 1, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст