Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин «Умедбахш» ба 12 нафар кӯдаки маъюб аробача тақдим кард
ШОҲИН, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо мақсади амалишавии Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон дар ҳамкорӣ бо Маркази тавонбахшии «Умедбахш»-и ноҳия дар байни кӯдакони дорои имконияти маҳдуд панҷ маротиба барномаҳои варзишию фароғатӣ гузаронида шуда, 12 нафар кӯдаки маъюб бо дастгирии ҳамин марказ бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуданд.
Бино ба иттилои муовини роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳия Ҷумахон Назаров, дар якҷоягӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ ва марказҳои саломатии деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, бо шахсони дорои имконияти маҳдуд зиёда аз 27 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд.
Дар ин давра бо дастгирии шарикони рушд дар назди бинои Маркази саломатии ноҳия ва Беморхонаи марказии ноҳия роҳрав барои истифода аз аробачаи маъюбӣ сохта шуд.
Инчунин барои 18 нафар кормандони тибби ноҳия дар мавзӯи «Тавонбахшии маъюбон» давраи омӯзишӣ гузаронида шуд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






