Дар Суғд дар беш аз 19 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст

Август 12, 2020 11:15

СУҒД, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ҷараёни кишти такрорӣ  босуръат идома дорад. То 10 август  деҳқонони вилоят дар 19 511 гектар кишт гузаронидаанд, ки он 94,7 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Тавре аз бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақша имсол дар вилоят бояд дар 20 600 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад.

Дар айни замон аз 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилоят дар 12 минтақа кишти такрорӣ анҷом ёфтааст. Кишоварзони 8 ноҳия бо мақсади истифодаи самараноки замин нақшаи кишти такрориро сари вақт иҷро намуданд.

Аз ҷумла, самти хуби кор дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич (134,4%), Ҷ.Расулов (117,4%) ва Конибодом (107,8%), ки нақшаро барзиёд иҷро намудаанд, бештар ба назар мерасад.

Маъракаи кишти такрорӣ дар се минтақаи вилоят хеле суст ҷараён дошта, то санаи зикргардида кишоварзони шаҳри Панҷакент ҳамагӣ 81,3%, ноҳияи Зафаробод 63,0% ва шаҳри Истаравшан 59,0% — и нақшаро иҷро кардаанду халос.

Кишоварзони ин минтақаҳоро зарур аст, ки аз ҳар лаҳзаи мусоид самаранок истифода карда, кишти такрории зироатро сари вақт анҷом диҳанд.

Август 12, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид