Дар Тоҷикобод ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» қадрдонӣ шуданд

Август 26, 2020 09:50

ТОҶИКОБОД, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки наврасону ҷавонони боистеъдод Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  доир гардид. Довталабони озмун ба ҳозирин  ва ҳакамон  шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, пешниҳод намуданд. Аз рӯи наминатсияҳои сароянда, навозанда, оҳангсоз, шоир ва ровӣ чанд нафар аз иштирокдорон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Тоҷикобод,   аз тарафи  намояндагони мақомоти иҷроияии маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ғолибон ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, он ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат амалӣ мешавад.

Ҳадаф аз баргузории  он баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмун дар се давр, яъне даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуввум дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ва даври сеюм дар пойтахти мамлакат  бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ баргузор  мешавад. Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд. Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойи якум – 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

Август 26, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад