Доир ба медиалингвистика ва услубшиносӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

Август 27, 2020 14:19

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22—23 октябри соли 2020 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар пояи кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика дар мавзўи «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор менамояд. Дар ин бора аз факултети журналистикаи ДМТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар назар аст, ки дар конференсия доир ба мавзӯъҳои  «Асосҳои услубшиносӣ ва таҳаввули он дар илми забоншиносии тоҷик», «Медиалингвистика – парадигмаи нав дар омўзиши забони ВАО», «Матни журналистӣ ҳамчун категорияи асосии медиалингвистика», «Матни муосири журналистӣ дар шароити рушди журналистикаи конвергентӣ», «Нақши ВАО дар таҳаввулоти луғавӣ-услубии забони тоҷикӣ», «Меъёри забони адабӣ ва забони воситаҳои электронии  ахбори омма (радио, телевизион,  Интернет)», «Масъалаҳои одоби муҳоварат ва ҳусни баён дар ВАО-и муосир», «Забони ВАО – омили асосии таъсиррасон ба тафаккури ҷомеа”, “Матбуоти муосир ва услуби таҳияи маводи интернет-газетаҳо», «Масъалаҳои тарҷумаи маводи матбуоти даврӣ» ва «Мавқеи реклама дар системаи ВАО: моҳият, вазифа, намудҳо ва воситаҳои он» аз ҷониби иштирокчиён марӯзаҳо хонда шаванд.

Дар Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ манзур шуда, хоҳишмандон метавонанд маводи худро ба суроғаи электронии light_angel-65@mail.ru ва french78@mail.ru ирсол намоянд.

Маводе, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то 25 сентябри соли 2020 ба Кумитаи тадорукот ирсол гарданд.

Август 27, 2020 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд