Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони Душанбе баргузор мешавад

Август 25, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 август бахшида ба 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Афсарон»- и пойтахт маросими ифтитоҳи Фетивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» баргузор мегардад.  Фестивали мазкур бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, ҳадафи он ташаккули тарзи ҳаёти солим  ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад.

Тавре мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода  ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт 2 марҳиларо дар бар  гирифта, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Марҳилаи якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ  доир  шуда, дар марҳилаи дуюм ғолибони даври аввал метавонанд иштирок намоянд.

Фетивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт аз рӯи 4 намуди варзиш:  футболи хурд, волейбол миёни духтарон, шоҳмот ва гӯштини миллӣ баргузор шуда, то 13 сентябр идома меёбад.

Маросими ҷамъбасти фестивал 15 сентябр муайян шудааст.

Август 25, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад