ФУТБОЛ. Дастаҳои «Арал», «Шоҳин» ва «Барқ» дар даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифон ғолиб омаданд

Август 12, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар варзишгоҳҳои мамлакат чор бозии даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба  мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар доданд.

Бозии марказии ин давр рақобат миёни дастаҳои футболи «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба шумор мерафт. Рақобати ин ду даста пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт. Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи  «Мунк»-и ноҳияи Ховалинг дар майдони худ аз дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод бо ҳисоби 3:2 мағлуб гашт.

Дар бозиҳои дигари  даври мазкур   дастаи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ин давр бо дастаи  «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ анҷом дод. Рақобати ин  дастаҳо хеле ҷолиб баргузор гашта, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Ҳамчунин бозии  дастаҳои футболи  «Сурхоб»-и ноҳияи Темурмалик ва «Барқ»-и шаҳри Норак бо ҳисоби 1:3 ба суди бозингарони  дастаи «Барқ»-и  Норак ҷамъбаст шуд.

Имрӯз, 12 август, се бозии дигар байни дастаҳои футболи «Кӯшон» — «Бешкент», «Сарбанд» — «Вахши зарнисор», «Сарҳадчӣ» — «Терай» доир мегардад.

Даври 5-ум, 11 августи соли 2020

«Чашма» — «Арал» 1:2

«Мунк» — «Шоҳин»  2:3

«Дӯстӣ»- «Пахтакор» 2:2

«Сурхоб» — «Барқ» 1:3

Август 12, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!