JICA ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 300 тонна гипохлориди калсий кумак намуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар якҷоягӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар доираи «Лоиҳаи оид ба такмил додани идоракунии хизматрасонии оби нӯшокӣ дар корхонаҳои обу корезии ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон» ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар харидории фаврӣ, ворид ва интиқоли 300 тонна гипохлориди калсий бо арзиши умумии 9 555 000 сомонӣ, ки барои безарар гардонидани оби нӯшокӣ аз тарафи ҳамаи шабакаҳои обрасони сатҳи ноҳиявӣ барои панҷ моҳ зарур аст, кумаки молиявӣ ва техникӣ расонд.
Дар ҳамоиш директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳукумати Япония Такаюки Мияшита, роҳбари намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Ҳидеки Танабе, намояндаи Агентии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ иштирок ва сухан намуданд.
Зикр гардид, ки таъмини оби нӯшокӣ яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Япония мебошад.
Бо назардошти хуруҷи бемории Ковид-19 дар Тоҷикистон таъмини доимӣ ва устувори оби тозаи нӯшокӣ барои аҳолӣ афзалияти баланд дошта, баҳри беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва беҳдоштии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Безараргардонии оби тоза инчунин сабаби пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, ба монанди Ковид -19 мегардад. Аз ин лиҳоз JICA Хоҷагии манзилию коммуналиро дар таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар чаҳорчӯби «Лоиҳаи оид ба такмил додани идоракунии хизматрасонии оби нӯшокӣ дар корхонаҳои обу корезии ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон» дастгирӣ менамояд.
Дар ин ҳамкории махсус АКАН шабакаи миллии ихтиёриёни худро барои таъмин намудани гипохлорид ба шабакаҳои обрасонӣ сафарбар намуда, ёрии худро барои тафтиши сифати молҳои таҳвилшуда расонид.
Дар охири ҳамоиш аз ҷониби сафири Япония ба директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» шаҳодатномаҳои таҳвили гипохлорид супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории техникии JICA бо Тоҷикистон соли 1993 бо даъвати хизматчиёни давлатии тоҷик барои таҳсил дар Япония ва барои гирифтани дониш ва таҷриба дар соҳаи идоракунии оқилона ва рушди макроиқтисодӣ оғоз ёфтааст. Дар охири моҳи марти соли 2016, шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи муштараки эҷоди донишҳои JICA, ки қаблан курсҳои омӯзишӣ ном доштанд, беш аз 2000 нафар гузашт. Соли 2006 дафтари JICA дар Душанбе ифтитоҳ ёфт ва аз он вақт инҷониб лоиҳаҳои гуногуни кумаки бебозгашти молиявӣ ва кумаки техникӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва рушди деҳот, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика, эҷоди тавонмандӣ ва ғайра босуръат татбиқ шуда истодаанд.










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






