JICA ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 300 тонна гипохлориди калсий кумак намуд

Август 20, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар якҷоягӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар доираи «Лоиҳаи оид ба такмил додани идоракунии хизматрасонии оби нӯшокӣ дар корхонаҳои обу корезии ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон» ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар харидории  фаврӣ, ворид ва интиқоли 300 тонна гипохлориди калсий бо арзиши умумии 9 555 000 сомонӣ, ки барои безарар гардонидани  оби нӯшокӣ аз тарафи ҳамаи шабакаҳои обрасони сатҳи ноҳиявӣ барои панҷ моҳ зарур аст, кумаки молиявӣ ва техникӣ расонд.

Дар ҳамоиш директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода,  муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳукумати Япония Такаюки Мияшита, роҳбари намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ  (JICA) дар Тоҷикистон Ҳидеки Танабе, намояндаи Агентии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ иштирок ва сухан намуданд.

Зикр гардид, ки таъмини оби нӯшокӣ яке аз самтҳои  асосии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Япония мебошад.

Бо назардошти хуруҷи бемории Ковид-19 дар Тоҷикистон таъмини доимӣ ва устувори оби тозаи нӯшокӣ барои аҳолӣ афзалияти баланд дошта, баҳри беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва беҳдоштии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Безараргардонии оби тоза инчунин сабаби  пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, ба монанди Ковид -19 мегардад. Аз ин лиҳоз   JICA  Хоҷагии манзилию коммуналиро  дар таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар чаҳорчӯби «Лоиҳаи оид ба такмил додани идоракунии хизматрасонии оби нӯшокӣ дар корхонаҳои обу корезии ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон»  дастгирӣ менамояд.

Дар ин ҳамкории махсус АКАН шабакаи миллии ихтиёриёни худро барои таъмин намудани гипохлорид ба шабакаҳои обрасонӣ сафарбар намуда, ёрии худро барои тафтиши сифати молҳои таҳвилшуда расонид.

Дар охири ҳамоиш  аз ҷониби сафири Япония ба директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» шаҳодатномаҳои таҳвили гипохлорид супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории техникии JICA бо Тоҷикистон соли 1993 бо даъвати хизматчиёни давлатии тоҷик барои таҳсил дар Япония  ва барои гирифтани дониш ва таҷриба дар соҳаи идоракунии оқилона ва рушди макроиқтисодӣ оғоз ёфтааст. Дар охири моҳи марти соли 2016, шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи муштараки эҷоди донишҳои JICA, ки қаблан курсҳои омӯзишӣ ном доштанд, беш аз 2000 нафар гузашт. Соли 2006 дафтари JICA дар Душанбе ифтитоҳ ёфт ва аз он вақт инҷониб лоиҳаҳои гуногуни кумаки бебозгашти молиявӣ ва кумаки техникӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва рушди деҳот, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика, эҷоди тавонмандӣ ва ғайра босуръат татбиқ шуда истодаанд.

Август 20, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт