Кишоварзони Суғд ба бозорҳои хориҷи мамлакат 4293 тонна меваи тар содир намуданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Суғд то 1 августи соли 2020 ба бозорҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба маблағи 5259 доллар 14 741 тонна меваҷот (то 1 августи соли 2019 — 12593 тонна), аз ҷумла, 4293 тонна меваи тар, 126 тонна ангур ва инчунин ба маблағи 5283 ҳазор доллар сабзавот дар ҳаҷми 68116 тонна (то 1 августи соли 2019 – 52818 тонна), аз он 67882 тонна пиёз содирот намудаанд.
Тавре аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, давоми ҳафт моҳи соли равон аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат 279 тонна консерваҳо (нисбат ба ин давраи соли гузашта 110 тонна зиёд) ва ҳамзамон 15785 тонна нахи пахта, 40012 тонна пӯсти хом ва 7 тонна тамоку содирот гардидааст.
Зикр гардид, ки маблағи умумии маҳсулоти содиротӣ 38 ҳазору 569 доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб се ҳазор доллар зиёд мебошад.
Ҳамзамон давоми шашмоҳаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз таъмин гардидааст.








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд






