Муъминобод: 8 нафар ба даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд

Август 31, 2020 09:07

ДУШАНБЕ, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Муъминобод даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир карда шуд. Дар озмун 20 нафар иштирокчиён ширкат варзида, 8 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, пайдо намудани беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар саросари мамлакат озмуни мазкур  баргузор гардида истодааст.

Озмун дар се давр, яъне даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуввум дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ва даври сеюм дар пойтахти мамлакат  бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ баргузор  мешавад.

Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо мекунанд. Барои барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойи якум – 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

Август 31, 2020 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад