Муовини Сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Турсунзода дар семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иштирок намуд
ТУРСУНЗОДА, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Турсунзода дар мавзӯи «Парвариши зироати кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо истифода аз таҷрибаи кишоварзони шаҳри Турсунзода» семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Семинари мазкур дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода 3 январи соли 2020 оид ба андӯхтан ва истифодаи таҷрибаи кишоварзони шаҳри Турсунзода дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён доштанд, ташкил гардид.
Дар семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода, Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, олимони муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, сардорону мутахассисони идораи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.
Меҳмонон дар қисми амалии семинар дар қитъаҳои намоишии зироати кишоварзӣ дар хоҷагии кооперативӣ-истеҳсолии «Дӯстӣ» бо парвариши навъҳои пахтаи ватанӣ ва истифодаи самаранокии замин дар хоҷагии деҳқонии «Шаҳзоди Шаҳриёр», парвариши зироати кишоварзӣ дар деҳаи Сайдалӣ Табарови Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба парвариши зироати кишоварзӣ дар кишти асосӣ ва такрорӣ, парвариши кишти асосӣ ва такрории шолӣ дар ҶСК «Ҳақиқат», истифодаи самарабахши сардхонаҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии «Нодирбек-д», «Ҳоҷӣ Камол» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» шинос гардида, аз фаъолияти кишоварзони Турсунзода оид ба истифодаи пурсамари замин барои рӯёнидани то 4 ҳосил, механизми истифодаи нуриҳои минералӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифати ватанӣ таҷриба андӯхтанд.
Инчунин иштирокчиёни семинар аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», намоиши техникаҳои кишоварзии ҶДММ «Агросаноат» ва филиали саҳроии кафедраи меваю сабзавотпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур боздид намуданд.
Дар қисмати аввали семинар професори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Неъматҷон Усмонов дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ба иштирокчиён навъҳои беҳтарини меваю сабзавот, аз қабили шафтолуи навъи «Гулдор», анори навъи «Мумтоз», анҷири навъи «Долмати», себи навъи «Беназир», помидори навъи «Валверин», бодиринги навъи «Беназир», гулкарами навъи «Бетан», карами навъи «Душанбегӣ», қаламфури тези навъи «Ханҷар», қаламфури ширини навъи «Туҳфа», боимҷони навъи «Алмос», сабзии навъи «Мирзои сурх», пиёзи навъи «Дӯстӣ», картошкаи навъи «Шукрона», моши навъи «тоҷикӣ-1», лӯбиёи навъи «сафедаки маҳаллӣ», биринҷи навъҳои «Нур» ва «Ҷашнӣ», шолии навъи «Саразм», ҷуворимаккаи навъҳои «Дилшод» ва «Баракат», ҷави навъи «Меҳан», гандуми навъи «Ормон» ва харбузаи навъи «Зартур», тарбузи навъи «Рахш», кадуи навъи «Химчамиёни хуҷандӣ» ва зиёда аз 8 навъи ангур ва шафтолую олуро муаррифӣ ва ба кишоварзони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Мавсуф гуфт, ки мо барои ҳамкорӣ намудан баҳри рушди соҳаи кишоварзии ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ омода ҳастем.
Дар қисми дуюми семинари ҷумҳуриявии «Парвариши зироати кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо истифода аз таҷрибаи кишоварзони шаҳри Турсунзода» олимони соҳаи кишоварзӣ дар мавзӯъҳои «Усулҳои муосири парвариши пахта ва амалӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот», «Технологияи муосири парвариши зироати ғалладонагӣ дар заминҳои обёришаванда», «Муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои зироати кишоварзӣ», «Технологияи парвариши шолӣ дар кишти асосию такрорӣ ва рушди минбаъдаи соҳа», «Самаранокии татбиқи дастовардҳои илм ва технологияҳои замонавии парвариши ҷуворимакка», «Роҳҳои ҳосилхезгардонии хок ва беҳтар намудани ҳолати заминҳои обёришаванда дар манотиқи кишвар», «Технологияи инноватсионии парвариши зироати сабзавотӣ ва роҳҳои афзунгардонии онҳо», «Баланд бардоштани маданияти зироаткорӣ бо истифодабарии техника ва технологияҳои замонавӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ», «Технологияи баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор ва бунёди боғҳои серҳосил дар заминҳои лалмӣ» ва «Роҳҳо ва тадбирҳои амалӣ ҷиҳати таъмини содирот ва маҳсулоти воридивазкунандаи кишоварзӣ, мутобиқгардонии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ» маърӯзаҳо хонда, ба иштирокчиёни семинар китоб ва варақаҳои иттилоотӣ тақдим намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷамъбасти семинар иброз дошт, ки «ҳадафи баргузор намудани семинари мазкур таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, маркетинги содирот ва ҳавасманд гардонидани хоҷагидорону таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ мебошад. Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои хариди тухмиҳои хушсифат зиёда аз 20 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар оянда 90 хоҷагии тухмипарварии ҷумҳурӣ ин тухмиҳоро самаранок зиёд намуда, дар оянда барои рўёнидани ҳосили фаровон аз тухмиҳои хушсифат ба деҳқонони ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд».
Зикр гардид, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода таҷрибаи ғании кишоварзӣ дошта, ҳамасола дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош бар он мекунанд, ки майдони киштро боз ҳам васеъ намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм гузоранд. Аз ин рӯ иштирокчиёни семинарро зарур аст, ки аз таҷрибаи кишоварзони шаҳри Турсунзода истифода намуда, шаҳру ноҳияҳои худро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»













Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






