Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми дипломатҳои ҷавони кишварҳои СҲИ ширкат хоҳанд кард

Август 27, 2020 13:15

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2020 дипломатҳои ҷавони кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) бори аввал ҳамоиши худро дар шакли онлайнии дар заминаи фазои интеллектуалии кории «100% Тотористон»  баргузор мекунанд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС, дар ин бора раиси Шӯрои дипломатҳои ҷавони Вазорати корҳои хориҷии Россия Константин Колпаков ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст.

«Дар доираи ин лоиҳа («100% Тотористон» — шарҳи ТАСС) мо форуми навбатии дипломатҳои ҷавони кишварҳои СҲИ-ро баргузор менамоем ва  бори нахуст он дар шакли онлайн сурат хоҳад гирифт. Иштироки худро дар он ҳамкорони мо аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Алҷазоир, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар ҳамкасбон  тасдиқ кардаанд. Муҳокимаи пленарӣ зери унвони «Ҳамкории байналмилалии минтақаҳои Россия бо кишварҳои СҲИ» баргузор мешавад. Ин ҳам барои дипломатҳои ҷавони касбии мо ва ҳам барои касоне, ки алоқаманди рӯзномаи байналмилалӣ мебошанд бисёр ҷолиб ва муфид хоҳад буд», — гуфт ӯ.

Мақомоти Тотористон дар рӯзи таҷлили садсолагии ҷумҳурӣ, дар шакли онлайн фазои интеллектуалии тиҷоратӣ ва платформаи коммуникатсиониро барои ҳамкорӣ бо шарикон ва коршиносони «100% Тотористон» ифтитоҳ менамоянд. Аз 30 август то 10 сентябр дар платформа гузаронидани баҳсҳои панелӣ, дарсҳои маҳорат ва маърӯзаҳо оид ба соҳаҳое, ки ҷумҳурӣ дар онҳо муваффақият ба даст овардааст ва таҷрибаи муваффақ дорад, ба нақша гирифта шудааст. Барномаи форум зиёда аз 300 ҷаласаро дар 21 самт, аз ҷумла индустрияи IT, маориф, тиб, кишоварзӣ, сайёҳӣ, иқтисоди даврӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, биотехнология ва ғайра дар бар мегирад. Дар доираи чорабинӣ муоширати сатҳи баланд ва мусоҳибаҳо бо коршиносон дар шакли онлайн сурат хоҳанд гирифт.

Агентии иттилоотии ТАСС ҳамчун шарики генралии фазои интеллектуалии тиҷоратии «100% Тотористон» баромад мекунад.

Соли 2019 Форуми дипломатҳои ҷавони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар заминаи Ҳамоиши XI байналмилалии иқтисодии «Россия — Ҷаҳони Ислом: KazanSummit» доир гардид. Ташкилкунандаи ин чорабинӣ, ки дар он 35 нафар иштирокчӣ аз 21 кишвар ҷамъ омада буданд, Шӯрои дипломатҳои ҷавони Вазорати корҳои хориҷии Россия буд.

АКС аз бойгонӣ

Август 27, 2020 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид