ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад

Август 20, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабр ва тағйирёбанда шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Вазиши чану ғубор боқӣ мемонад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28 +33 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи   бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.  Ҳаво шабона 19+21 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Август 20, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд