ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Август 26, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шимолу ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, бориши сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи  бебориш  мешавад. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10- 15 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 26+28  дараҷа гарм мешавад.

Август 26, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд