Пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ дар мулоқоти Завқӣ Завқизода бо намояндаи СММ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Август 21, 2020 10:02

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу вохӯрӣ намуд, ки дар ҷараёни он тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва нақшаҳои СММ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ муҳокима шуданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сезин Синаноғлу Барномаи мукаммали вокуниши иҷтимоии иқтисодӣ ба таъсири COVID-19 дар Тоҷикистонро муаррифӣ карда, зикр намуд, ки барномаи мазкур бо буҷаи умумии беш аз 61 миллион доллар ба 5 самти муҳим, пеш аз ҳама, тандурустӣ, ҳимояи одамон, чораҳои макроиқтисодӣ, барқарорсозии макроиқтисодӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ равона мегардад.

З. Завқизода оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар 7 моҳи соли 2020 ва тадбирҳои андешидаи зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон мухтасар маълумот дода, аз Сезин Синаноғлу даъват ба амал овард, ки кумаку дастгириҳои СММ ва зерсохторҳои онро барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар намояд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баён доштанд.

Август 21, 2020 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст