Сафари гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Бадахшон анҷом ёфт
ХОРУҒ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуда, бо масъулини биноҳои бунёдшаванда ва бинокорон мулоқот намуд.
Нахустин иншооте, ки гурӯҳи корӣ аз он дидан намуд, ин хати нави ташноб дар маҳаллаи Хоруғи боло мебошад. Ин хати навбунёди ташноб дар масофаи 574 метр бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкати маҳаллии сохтмонии «Мадад» ба зимма дорад. Ояндаи наздик аз он биноҳои навбунёди ин маҳал, бо шумули Раёсати маориф, Коллеҷи тиббӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 8-и шаҳри Хоруғ истифода мекунанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи таълимии рақами ҳаштуми ин маҳалла шинос шуда, аз бинокорон даъват намуд, ки ба сифати корашон аҳамияти бештар диҳанд. Зеро дар ин бино фарзандону наберагони онҳо таҳсил хоҳанд кард ва бинои зебову хушсифат низ метавонад ба дониш, маҳорат ва эҳсоси зебоипарастии онҳо таъсири мусбат расонад.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ аз истифодаи сангҳои маҳаллӣ дар сохтмони таълимгоҳи навбунёд ситоиш карда, изҳор дошт, ки ин падидаи хеле ҷолиб аст ва минбаъд низ аз он дар биноҳои дигар ба шаклҳои гуногун истифода бурдан ба манфиати кор аст.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳаштуми шаҳр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши харҷномавии 26 миллион сомонӣ бунёд ёфта, айни ҳол корҳои ороишӣ ва гулпӯшу сарсабз намудани атрофи он идома дорад. Рафти корҳои сохтмонӣ дар ин сохтмон дар асоси нақшаи муосири тарҳрезишуда идома дошта, бинокорон ҳоло дар озмоишгоҳҳои синфхонаҳои фанҳои химияву биология ва физика ба гузаронидани хатҳои оби гарму сард ва насбу васли таҷҳизоти технологӣ машғуланд. Ин иншоот барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароити муосири таълими пешбинӣ гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълимӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум мутобиқи лоиҳаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёдӣ анҷом дода шудааст.
Давоми ду соли охир бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон се майдончаи муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Соли равон тасмим гирифта шуд, ки боз ду майдончаи дигар низ бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бунёд шавад.
Ҳоло ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруг сохтмони 9 майдончаи варзишӣ идома дорад, ки бунёди се адади ин майдончаҳо бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаш майдончаи дигар дар асоси лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот” тавассути шарикони рушд дар назар дошта шудааст. Гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар майдончаи варзишии маҳаллаи Тирчиди ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи Андарситези шаҳри Хоруғ шинос шуда, барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд намудани чунин майдончаҳои варзиширо ба манфиати кор арзёбӣ намуд.
Пас аз мулоқот бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят гурӯҳи корӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргашт.









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






