Сафари гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Бадахшон анҷом ёфт

Август 6, 2020 13:42

ХОРУҒ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар идомаи сафари корӣ  дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  иншооти ҷашнӣ шинос шуда, бо масъулини биноҳои бунёдшаванда ва бинокорон мулоқот намуд.

Нахустин иншооте, ки гурӯҳи корӣ аз он дидан намуд, ин хати нави  ташноб дар маҳаллаи Хоруғи боло мебошад. Ин хати навбунёди ташноб дар масофаи 574 метр  бунёд гардида,  корҳои сохтмониро ширкати маҳаллии сохтмонии «Мадад» ба зимма дорад. Ояндаи наздик аз он  биноҳои  навбунёди ин маҳал, бо шумули Раёсати маориф, Коллеҷи тиббӣ ва Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии раками 8-и шаҳри Хоруғ  истифода мекунанд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо ҷараёни  корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи   таълимии рақами ҳаштуми ин маҳалла шинос шуда, аз бинокорон даъват намуд, ки ба сифати корашон аҳамияти бештар  диҳанд. Зеро дар ин бино фарзандону наберагони онҳо таҳсил хоҳанд кард ва бинои зебову хушсифат низ метавонад ба дониш, маҳорат ва эҳсоси зебоипарастии онҳо таъсири мусбат расонад.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ аз истифодаи сангҳои маҳаллӣ  дар сохтмони таълимгоҳи навбунёд ситоиш карда,  изҳор дошт, ки ин  падидаи хеле ҷолиб аст ва минбаъд низ аз он дар биноҳои дигар ба шаклҳои гуногун истифода бурдан ба манфиати кор аст.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳаштуми шаҳр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши харҷномавии 26 миллион сомонӣ бунёд ёфта, айни ҳол корҳои ороишӣ ва гулпӯшу сарсабз намудани  атрофи он  идома дорад. Рафти корҳои сохтмонӣ дар ин сохтмон дар асоси  нақшаи муосири  тарҳрезишуда  идома дошта, бинокорон ҳоло дар озмоишгоҳҳои синфхонаҳои  фанҳои химияву биология ва физика ба гузаронидани хатҳои оби гарму сард ва насбу васли таҷҳизоти технологӣ машғуланд. Ин   иншоот барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароити муосири таълими пешбинӣ гардида, он  аз се ошёна ва се  бинои асосии таълимӣ  иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот  аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар  марҳилаи якум мутобиқи  лоиҳаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 миллион сомонӣ  ҷудо гардидааст. Бинокорон  бо масолеҳи сохтмонӣ  пурра таъмин буда, аллакай  ҳаҷми  муайяни корҳои бунёдӣ  анҷом дода шудааст.

Давоми ду соли охир бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон се майдончаи муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Соли равон тасмим гирифта шуд, ки боз ду майдончаи дигар низ  бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  бунёд шавад.

Ҳоло ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруг  сохтмони 9 майдончаи варзишӣ  идома дорад, ки бунёди се адади ин майдончаҳо бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаш майдончаи дигар дар асоси лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот” тавассути шарикони рушд  дар назар дошта шудааст. Гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар майдончаи варзишии маҳаллаи Тирчиди ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи Андарситези шаҳри Хоруғ  шинос шуда, барои  ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд намудани чунин майдончаҳои варзиширо ба манфиати кор арзёбӣ намуд.

Пас аз мулоқот бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят гурӯҳи корӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  ба пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргашт.

Август 6, 2020 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад