Шеъри «Бешаи анбӯҳи андеша»-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим соҳиби Шоҳҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шеъри «Бешаи анбӯҳи андеша»-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар «Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, соҳиби Шоҳҷоизаи озмун таҳти унвони «Ғолибони барҷаста» («The Outstanding Winners») гардид. Дар радифи шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим аз давлатҳои Япония — Маки Старфилд, Федератсияи Россия — Татяна Требинова ва аз Боливия — Сума Монтейру низ сазовори Шоҳҷоиза гардиданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур 3 январи соли равон бо ташаббуси «Ассотсиатсияи журналистони ҷаҳон», «Рӯзномаи ҷаҳонӣ», «Телевизиони ҷаҳонӣ», «Телевизиони моҳворавии ҷаҳонӣ», «Ахбори ҷаҳонӣ ва Тутяо» ташкил гардида буд, ки дар он 607 муаллиф аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Покистон, Япония, Ҳиндустон, Италия, Туркия, Боливия, Канада, ИМА, Дания, Венесуэла, Косово, Сербия, Булғористон, Филиппин, Маврикий, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва дигар манотиқи дунё иштирок намуданд.
Тибқи нақша, маросими тантанавии супоридани Шоҳҷоизаи «Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон» бояд моҳи сентябри имсол дар шаҳри Пекин баргузор мешуд, вале бинобар пандемияи бемории COVID -19 туҳфа ва ҷоизаҳои озмун ба ғолибон равон карда мешаванд.
Тавре Абдуқаҳҳори Қосим иброз намуд, «яке аз дӯстдорони шеър аз Ҷумҳурии Мардуми Чин аз ман хоҳиш намуд, ки шеъри «Бешаи анбӯҳи андеша»-ро тарҷума ва ба «Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон» пешниҳод кунам. Инак ин шеър тавонист миёни шеърҳои шоирони дигар давлатҳо соҳиби Шоҳҷоиза гардад».
Муаллиф зикр намуд, ки муҳтавои шеъри мазкур лаҳзаи эҷоди шеър ва чӣ гуна ба анбӯҳи андеша ғарқ шудани шоирро ифода мекунад. Ба ҳамин хотир номи шеърро «Бешаи анбӯҳи андеша» унвон кардааст.
Инҷо порае аз онро манзури хонандагони сомона мегардонем:
Бешаи анбӯҳи андеша, ин қадар торику зулмонӣ,
Мезанам ман андар он раҳгум, дошта бо даст пешонӣ,
Мепарад мурғи хаёли ман, роҳи худро ҷустуҷӯ дорад.
Бешаи анбӯҳи андеша бо дили ман гуфтугӯ дорад…
Ҳоло Абдуқаҳҳори Қосим бо адибону олимони зиёда аз 60 давлати дунё робитаи дӯстӣ барқарор намуда, шеъри муосири тоҷик ва забони ноби тоҷикиро дар рўи дунё ҳамчун вориси воқеии устод Мирзо Турсунзода муаррифӣ намуда истодааст.
Шоир ҳамзамон раиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Академияи адабиёти Россия ва ҳамоҳангсози Раёсати байналхалқии нависандагон, драматургон ва журналистон оид ба кор бо муаллифон мебошад.








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид






