«ШОИР МУҶАССАМАИ ХУДРО ГУЗОШТААСТ». Камол Насрулло дар марсияи худ дар сӯгвории Гулназар чунин навиштааст

Август 17, 2020 08:43

ДУШАНБЕ, 17.08.2020/АМИТ «Ховар»/. «Ба шоирони бузург одатан муҷассамаҳо мегузоранд. Аммо шоири асил ва тавоно тандеси худро худ мегузорад», — нигоштааст Камол Насрулло дар марсияе, ки дар сӯгвории Гулназар Келди навиштааст.

Тавре хабар додем, 13 август дар Душанбе баъди бемории кӯтоҳ Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Худи ҳамон рӯз ҷасади шоири маҳбуби халқ дар оромгоҳи Лучоб, дар канори мадфани дигар бузургони адабиёт ва илму фарҳанги Тоҷикистон ба хок супорида шуд.

Дар марсияе, ки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар сӯгвории Гулназар навиштааст ва он 15 август  дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ гардид, омадааст:

«Устод Гулназар тандес ва муҷассамаи бегазанди худро дар сухан гузоштааст ва худ ҳам эълом доштааст, ки ин тандес Ватан аст, Ватане, ки ӯ дар саросари ашъораш самимонаву шоирона сутудааст:

Ин Ватан ҳайкали мо хоҳад буд,
Зиндатар аз дили мо хоҳад буд.
Ҳадди охир, ки ба номаш бирасем,
Боз ҳам аввали мо хоҳад буд».

Яъне, бино бо навиштаи Камол Насрулло,  «ӯ (Гулназар.- тавз. АМИТ «Ховар»)  мӯътакид аст, ки ӯро ҳамин ду мафҳум зинда медорад: сухан ва Ватан, зеро Ватани ӯ дар сухан ва сухани ӯ дар Ватан решаҳои абадӣ ёфтаанд».

«Дар ҳарфу ҳиҷош меҳри Меҳан,
Бар фатҳи башорати башар рафт…»,

-мехонем дар марсияи Камол Насрулло.

Камол Насрулло иброз намудааст, ки шеъре дорад дар васфи Гулназар бо номи «Гулназари гулназар», ки онро панҷ сол пеш дар таҷлили ҷашни ҳафтодсолагии шоири шаҳир навиштаву дар базми шеър, дар маркази ноҳияи Айнӣ, қироат карда будааст.

«Мехостам онро дар рӯзҳои базми 75-солагишон дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба чоп супорам ва дар базми шеърашон қироат бикунам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ин шеър дар рӯзҳои гарони мотамашон ба нашр мерасад», — навиштааст Камол Насрулло.

Дар ҳамин шеър ҳам ишора ба он аст, ки тамоми ашъори устод Гулназар, ки ба мавзҳои гуногун бахшида шудааст,  саршор аз муҳаббат ба ватани азизи худ Тоҷикистон аст:

Ҳарчи сухан гуфтаӣ, дарди Ватан гуфтаӣ,
Аз дилу ҷону ҷигар, Гулназари гулназар.

Август 17, 2020 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд