Собиқ Вазири адлия ва Раиси Суди Олии Тоҷикистон аз олам даргузашт

Август 25, 2020 14:05

ДУШАНБЕ, 25.08.2020/АМИТ«Ховар»/. Собиқ Вазири адлия ва Раиси Суди олии Тоҷикистон Шароф Маҳмудов баъди бемории тӯлонӣ 24 август дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти пайвандони марҳум.

Шароф Маҳмудов 23 феврали соли 1931 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1955   факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

Фаъолияти худро аз судяи одии собиқ ноҳияи Хуҷанди собиқ вилояти Ленинобод шурӯъ намуда, баъдтар муовини раиси суди шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон), узви Суди Олӣ (1962 – 1971), муовини вазир (1971 – 1978) ва Вазири адлияи Тоҷикистон (1972 – 1990) буд.

Ӯ охирин раиси Суди Олии Тоҷикистони Шӯравӣ ва аввалин раиси Суди Олии Тоҷикистони мустақил (1990 — 1994) буд, ки зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт ва онро расмӣ кард.

Аз соли 1994 дар нафақа буд.

Ҷасади Шароф Маҳмудов имрӯз дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе   ба хок супорида шуд.

Август 25, 2020 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид