«Спитамен Бонк» ба муштариён хизматрасонии нав пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Спитамен Бонк» хизматрасонии наверо, ки барои интиқоли маблағ аз Россия ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, манзури муштариён гардонид.
Ҳадафи асосии хизматрасонӣ- ин дастгирии ҳамватанони дар Россия қарордошта, ки зуд-зуд аз хизматрасониҳои интиқоли маблағ истифода мебаранд, осон намудани кори муштариён ва сарфаи вақт мебошад.
“Дар ҷараёни таҳияи хизматрасонӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ ва таваҷҷуҳи бароҳатии мизоҷон, нақша дорем, ки хизматрасонии мазкурро яке аз ҷузъҳои барномаи SpitamenPay гардонем»,- мегӯяд сардори департаменти технологияҳои иттилоотии «Бонки Эсхата» Азиз Ҷумаалиев. Барои пур кардани кортҳои «Спитамен Бонк» ҳатто аз хона баромадан, зеркунии барномаҳо ва номнависшавӣ низ лозим нест. Танҳо доштани яке аз кортҳои VISA, Master Card ё Мир- и Федератсияи Россия кофист.
Интиқоли маблағро аз ҳама кортҳои русӣ ба кортҳои Тоҷикистон метавон дар сомонаи c2c.spitamen.com (сайт инчунин барои телефонҳои мобилӣ низ мутобиқ карда шудааст) тавассути рақами телефони қабулкунанда ба анҷом расонид.
Интиқол бо рубли русӣ бо мубодилаи минбаъда ба пули миллии сомонӣ, дар вақти воқеӣ амалӣ мегардад. Ҳадди ниҳоии интиқоли яккарата 27 000 рубли русиро ташкил дода, дар шумораи интиқолҳо маҳдудият нест.








Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9000 то 10.1161 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд






