«Спитамен Бонк» ба муштариён хизматрасонии нав пешниҳод намуд

Август 21, 2020 10:14

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Спитамен Бонк» хизматрасонии наверо, ки барои интиқоли маблағ аз Россия  ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, манзури муштариён гардонид.

Ҳадафи асосии хизматрасонӣ- ин дастгирии ҳамватанони дар Россия  қарордошта, ки зуд-зуд аз хизматрасониҳои интиқоли маблағ истифода мебаранд, осон намудани кори муштариён ва сарфаи вақт мебошад.

“Дар ҷараёни таҳияи хизматрасонӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ ва таваҷҷуҳи бароҳатии мизоҷон, нақша дорем, ки хизматрасонии мазкурро яке аз ҷузъҳои барномаи SpitamenPay гардонем»,- мегӯяд  сардори департаменти технологияҳои иттилоотии  «Бонки Эсхата»   Азиз Ҷумаалиев. Барои пур кардани кортҳои «Спитамен Бонк» ҳатто аз хона баромадан, зеркунии барномаҳо ва номнависшавӣ низ лозим нест. Танҳо доштани яке аз кортҳои VISA, Master Card ё  Мир- и Федератсияи Россия кофист.

Интиқоли маблағро аз ҳама кортҳои русӣ ба кортҳои Тоҷикистон метавон дар сомонаи c2c.spitamen.com (сайт инчунин барои телефонҳои мобилӣ низ мутобиқ карда шудааст) тавассути рақами телефони қабулкунанда ба анҷом расонид.

Интиқол бо рубли русӣ бо мубодилаи минбаъда ба пули миллии сомонӣ, дар вақти воқеӣ  амалӣ мегардад. Ҳадди ниҳоии интиқоли яккарата 27 000 рубли русиро ташкил дода, дар шумораи интиқолҳо маҳдудият нест.

Август 21, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1250 то 0.1276 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3567 то 9.3700 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1225 то 0.1266 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.9600 то 11.0223 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3800 то 9.3738 сомонӣ муқаррар шудааст
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1255 сомонӣ муқаррар шудааст