«Суғд Текстайлз» фаъолияти худро тавсеа мебахшад

Август 8, 2020 12:28

ДУШАНБЕ, 08.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи ресандагии «Суғд  Текстайлз» воқеъ дар шимоли Тоҷикистон  тасмим дорад, ки дар оянда фаъолияти худро тақвият бахшида,  то 350 нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд. Ин матлаб зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода аз корхонаи «Суғд Текстайлз» зикр гардид.

Таъкид шуд, ки дар ин самт корхонаи азими саноатӣ марҳала ба марҳала фаъолияти худро васеъ менамояд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо вазъи кунунии корхонаи ресандагӣ, ташаббуси моликони корхонаро ҷиҳати фаъолсозии он фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки барои то коркардаи ниҳоӣ расонидани пахта тадбирҳо андешанд.

Иқтидори корхонаи «Суғд Текстайлз» беш аз 8 тонна пахта  дар як шабонарӯз буда, маҳсулоти худро ба хориҷа содирот хоҳад намуд. Дар марҳалаи аввал бо фаъол гардидани яканд коргоҳи истеҳсолӣ 80 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд ва ҳоло ҷараёни истеҳсолот зери назорати мутахассисон қарор дорад.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст. Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ бояд аз тамоми имкониятҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣсамаранок истифода бурда шавад.

Август 8, 2020 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд