ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2020 аст
14 августи соли 2007 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маҷмўи васеи масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди муҳокима қарор гирифт.
***
8 сол пеш, 14 августи соли 2012 сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи «president.tj» аз соли 2005 инҷониб фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии интернет баромад. Сомонаи мазкур имрӯз дар ин шабака бо чор забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ оид ба сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон хабару гузориши расмӣ пешниҳод менамояд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.
14 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Покистон-Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонони миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
14 августи соли 2013 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстонаи дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон барпо гардид.
***
14 августи соли 1848 дар Канада амали санади расмӣ, ки забони англисиро ҳамчун ягона забони давлатӣ дар кишвар муқаррар карда буд, қатъ карда шуд.
***
128 сол пеш, 14 августи соли 1893 дар Франсия ба ронандагон бидуни супоридани имтиҳон додани ҳуҷҷати ронандагӣ манъ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1919 бо мақсади ворид кардани Бавария ба ҳайати Германия ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид карда шуд.
***
14 августи соли 1920 дар шаҳри Антверпени Белгия маросими кушодашавии Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид, ки 29 август ба анҷом расид.
***
14 августи соли 1986 дар Амстердам расми аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон гузошта шуд, ки 8 ҳазору 586 метри мураббаъро ташкил дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1908 дар шаҳри Фолкстони Англия аввалин маротиба озмуни байналмилалии зебоӣ баргузор гардид.
***
Соли 1936 аввалин маротиба ба рӯйхати Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баскетбол ворид карда шуд.