ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 222-умин рӯзи соли 2020 аст
9 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.
***
9 сол пеш, 9 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид.
9 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.
***
Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.
***
Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.
***
Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.
РӮЙДОДҲО:
9 августи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.
***
9 августи соли 2008 масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.
***
9 августи соли 2007 дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд.
***
126 сол муқаддам, 9 августи соли 1893 Бонки миллии Италия таъсис дода шуд.
***
9 августи соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.
***
Соли 1992 дар Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.