ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст

Октябрь 29, 2026 08:00

29 октябри соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди истифода қарор гирифтанд.

***

29 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми башардӯстона, дар руҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ифтихори 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Сарвари  давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ карда шуд.

***

29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.

***

29 октябри соли 2021 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии фермерии «Асадулло» дар қитъаи боғи нав бо нашъунамои ниҳолҳои навъи хориҷӣ шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.

29 ОКТЯБР:

Рӯзи байналмилалии нигоҳубин ва дастгирӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.

***

Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).

***

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон-Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 октябри соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

***

29 октябри соли 1951 нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

***

29 октябри соли 1969 аввалин доду гирифт байни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET амалӣ гардид, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

***

29 октябри соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуд.

***

29 октябри соли 2016 ҷудочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

***

29 октябри соли 2022 дар Душанбе доир ба низоми ҳуқуқии миллии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоиш баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобили дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ қонунӣ гардида, расмиёти дохилидавлатии он  ба анҷом расид. Ҳуҷҷат ба рушди  иқтидори муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди ҳаракати академикии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат менамояд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон- «Ермак» ба истифода дода шуд

***

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ — соли 1950 — адабиётшинос-шарқшинос ва шоири тоҷик.

 

Октябрь 29, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, душанбе, 299 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, сешанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, душанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, якшанбе, 291-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, шанбе, 290-умин рӯзи соли 2026 аст