ВКХ ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД: масъалаи рафтани донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Россия дар баррасӣ қарор дод

Август 31, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятеро, ки ба он донишҷӯёни тоҷик дар робита ба набудани имкони сафар ба Федератсияи Россия барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дучор шудаанд, назорат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, 24 августи соли равон Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳоло беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия таҳсил мекунанд. Таъкид гардидааст, ки аз шумораи умумии онҳо беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Россия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд.

«Дар ин робита, вазорат аз сафорат хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Федератсияи Россия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (варақаи донишҷӯӣ, маълумотномаи донишгоҳ ва ғ.) мусоидат намояд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ҳамчунин тазаккур медиҳад, ки масъалаи мазкур айни ҳол дар баррасии ҷониби Россия қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 30 август парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, анҷом дода шуд.

АКС аз бойгонӣ

Август 31, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард